Котибони Шӯрои амнияти давлатҳои СҲШ масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд

6 апрели соли 2017 дар шаҳри Остона ҷаласаи навбатии котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Aбдураҳим Қаҳҳоров иштирок намуд.
Дар арафаи мулоқот роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пазируфт. Президент аҳамияти таҳкими механизмҳои амалкунанда ва меъёрҳои ҳуқуқии СҲШ-ро махсус қайд кард.
Дар ҷаласаи 12-уми Шӯрои амнияти СҲШ А. Қаҳҳоров таъкид намуд, ки Тоҷикистон омодааст ҳамкории худро бо давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии силоҳ, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ густариш диҳад.
Аз натиҷаи ҷаласа ҷонибҳо Протокол ба имзо расониданд, ки дар он масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ қайд гардида, мақсаду мароми дурнамо гузошта шуд.
Инчунин дар ҳошияи ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вохӯриҳои дуҷонибаи А.Қаҳҳоров бо Ёрдамчии Президент ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон Владимир Жумаканов ва узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шэнкун баргузор гардиданд.
Зимни вохӯриҳои мазкур масоили ҳамкорӣ дар доираи СҲШ, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи амният баррасӣ гардиданд. A. Қаҳҳоров аҳамияти талошҳои муштараки ҷонибҳоро дар мубориза бар зидди таблиғи идеяҳои экстремистӣ ва террористӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ махсус таъкид намуд.

АМИТ "Ховар"