«Тоҷикшиноси бузург» аз чоп баромад

Дар шаҳри Хуҷанд китоби «Тоҷикшиноси бузург» ба нашр расид. Асари мазкур феҳристи китобу осор ва мақолаҳои илмиву оммавии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ва асарҳоеро, ки зери таҳрири ин олими номвар ба чоп расидаанд, фаро гирифтааст.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар китоб таълифоти роҷеъ ба ин шахсияти барҷастаи таърихи миллати мо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ иншогардида низ ҷой дода шудаанд.

Муаллиф ва мураттиби китоб номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров- Аюбҷон Усмонов рўзгору осори академик Бобоҷон Ғафуровро бар асоси осори илмии таълифшуда мавриди таҳлил қарор додааст.

Мавриди зикр аст, ки китоби мазкур ба таври умум осорномаи академик Бобоҷон Ғафуровро аз соли 1928 то соли 2012 фаро мегирад ва туҳфаи арзанда ба ҷашни 110-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров хоҳад буд.

АМИТ "Ховар"

Tags: