10 феврали соли 2021 нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар нишаст ба суолҳои сершумори доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки фарогири паҳлуҳои гуногуни соҳа буданд, раиси Кумита Нуриддин Саид, муовинони раис ва дигар шахсони масъул ҷавобҳои мушаххас дода, вазъ ва дурнамои фаъолияти шабакаҳои телевизион ва радиоро таҳлилу баррасӣ намуданд. Бо мақсади огоҳии комили хабарнигорон аз фаъолияти Кумита қабл аз саволу ҷавоб маълумоти фишурда пешниҳод карда шуд. Хабарнигорон пас аз шунидани маълумот оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва дигар сохторҳои шомили Кумита суолҳо пешниҳод карданд.
Дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон оид ба рафти ислоҳоти техникию эҷодии соҳа раиси Кумита Нуриддин Саид иттилоъ дод, ки 30 июли соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №428 Низомнома ва сохтори нави Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар сохтори Кумита раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, раёсати ҳамоҳангсозии радиоӣ ва дастаҳои ҳунарӣ, раёсати истеҳсолӣ ва назорати техникӣ, раёсати тиҷорат, бахши муносибатҳои байналмилалӣ таъсис дода шудааст. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҳия ва омода намудани маводди телевизионию радиоӣ ва суруду оҳангҳои пурмазмун дар назди Кумита Шўрои бадеӣ, Шўрои таҳрир ва Шўрои техникӣ таъсис дода шуд. Инчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №429 "Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" тасдиқ гардид.
Дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон оид ба беҳтар кардани сифати барномаю гуфторҳо қайд карда шуд, ки соли гузашта Шўрои бадеии Кумита дар маҷмўъ, 68 барномаи калонҳаҷм ва филмҳои мустанадро баррасӣ ва барои пахш тавсия намуд. Ҳамчунин, барои пахши 226 суруду оҳанг дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, инчунин, ворид кардан ба хазинаи тиллоӣ иҷозат дода шуд. Шўрои таҳрир бошад, матни 51 барнома, филмҳои мустанаду намоишномаҳо, 207 суруд ва 180 видеороликро баррасӣ намуда, таҳриру такмил дод. Шўрои техникӣ фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ ва радиоиро мунтазам назорат намуда, оид ба ҳолати нигоҳдории иншооти соҳа санҷиш гузаронда, вобаста ба беҳтар намудани вазъи фаъолияти онҳо ва бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта таклифу хулосаҳои зарурӣ пешниҳод намуд. Кумита дар соли 2020 бо мақсади ғанӣ гардондани фазои фарҳангӣ 7 барномаи консертии телевизионӣ ва 4 видеоклипро сабт ва пешниҳоди тамошобинон гардонд. Инчунин, аз ҷониби гурўҳҳои ҳунарии Кумита, дар умум, 243 суруду оҳанг, яъне, 226 суруд, 18 оҳанг ва 30 рақс сабт карда шуд. Аз ин шумора, 205 суруд ва 18 навозиш асарҳои тозасабт буда, 28 рақс бори нахуст саҳнавӣ гардид. Ҳамкориҳои судманди эҷодӣ бо иттифоқҳои эҷодӣ ба роҳ монда шуд ва дар доираи ин 42 асари вокалӣ, симфонӣ ва созию камеравӣ харидорӣ шуд. Дар ин муддат аз ҷониби Кумита барои харидории созҳои мусиқӣ 189 ҳазору 300 сомонӣ ҷудо гардид. Ҳамзамон, барои ҳунармандони ансамблҳо ба маблағи 211 ҳазору 69 сомонӣ 72 баст либоси саҳнавӣ харидорӣ ва дўхта шуд.
Зимнан ёдоварӣ гардид, ки дар самти назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, "Қоидаҳои намунавии гузарондани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор", "Меъёрҳои муайянкунандаи соҳаи телевизион, радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ", "Низомнома дар бораи аттестатсияи шабакаҳои телевизион, радиошунавонӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ", "Низомномаи Комиссияи иҷозатномадиҳии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ" ва "Шартномаи дуҷонибаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телевизион, радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалии давлативу хусусӣ" таҳия, қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Дар соли сипаригардида дар натиҷаи санҷиш фаъолияти студияи маркази хизматрасонии "Карон-филм", телевизиони "Анис" ва студияи "Суғдвидео" бинобар риоя накардани қонунҳои амалкунандаи соҳа қатъ карда шуда, фаъолияти 6 субъекти хоҷагидори соҳа аз аттестатсия гузаронда шуд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 90 шабакаи давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла, 13 телевизион ва 10 радиои давлатӣ, 33 телевизион ва 22 радиои хусусӣ, инчунин, 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ амал мекунад, хабар дода шуд дар нишасти матбуотӣ.
Дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон дар самти беҳтар кардани шароити корӣ хабар дода шуд, ки Кумитаи телевизион ва радио дар соли сипаригашта як қатор корҳои таъмирию навсозиро анҷом дод. Аз ҷумла, дар Маркази техникӣ таъмиру навсозии студияи сабти овоз, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои кории бинои студияи сайёр, ҳуҷраи қабули меҳмонон бо роҳравҳояш, дар бинои "Телевизиони Тоҷикистон" ҳуҷраҳои корӣ, ҳамзамон, бунгоҳи тиббӣ, сехи таҷҳизоту ороиши саҳна ва сехи нақлиётӣ тибқи меъёрҳои муосир таъмиру тармим гардиданд. Студияҳои пахши барномаҳои Радиои "Тоҷикистон" ва шабакаҳои он тибқи нақша пурра таъмир гардида, барои беҳтар намудани сифати сабт ва пахши барномаҳои радиоӣ аз хориҷи ҷумҳурӣ таҷҳизоти муосири соҳавии истеҳсоли Италия – бренди "Диҷейпроклассик" харидорӣ, насб ва банду баст гардид. Барои кор бо дастгоҳҳои нав аз Ҷумҳурии Украина мутахассис даъват гардида, кормандони радио пурра омўзонда шуданд. Аз 8-уми январи соли ҷорӣ Радиои "Тоҷикистон" ва шабакаҳои он пахши барномаҳоро тавассути дастгоҳу таҷҳизоти нав пурра оғоз намуданд. Инчунин, дар бинои Хонаи радио, болопўши боми Хонаи радио, ҳуҷраҳои кории кормандони сехи радиошунавонӣ, 8 студияи сабт ва пахш, дастгоҳҳои маркази пахши барномаҳо, танзимгоҳҳои овоз, роҳравҳои ошёнаи дуюм, утоқҳои кории студияи сайёр, ошхонаи кормандон, ҳуҷраҳо ва роҳравҳои ошёнаи 7-ум пурра навсозию таъмир ва бо хати гармии муттамарказ пайваст карда шуданд. Барои танзим ва пахши барномаҳо 50 адад компютери нав харидорӣ гардид. Инчунин, аз ҷониби Кумита 104 компютер бо принтер 12 моноблок, мизу курсӣ, микрофон ва дигар таҷҳизот бо маблағи 1 миллиону 401 ҳазору 278 сомонӣ харидорӣ карда шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ хабар дода шуд, ки дар марҳилаи якуми иҷрои "Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024", ки соли 2020-ро дар бар мегирад, 21 адад фиристандаҳои гуногуниқтидор ва мувофиқ ба минтақа дар маркази шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Шаҳритуз, Балҷувон, Муъминобод, Айнӣ, Мастчоҳ, Лахш, Рўшон, Ёвон, Роғун, Дарвоз, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, Туланазари ноҳияи Хуросон, Ворухи ноҳияи Исфара, Зумудги ноҳияи Ишкошим, Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод, Шайдони ноҳияи Ашт насб ва ба истифода дода шуданд. Дар аввали соли 2020 фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар пахши рақамӣ 65,8%-ро ташкил медод, то охири соли 2020 бошад, ин нишондиҳанда ба 72% расонда шуд. Ҷиҳати иҷрои марҳилаи якуми Барнома барои хариди таҷҳизоти пахши рақамӣ 5 миллиону 24 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки маблағгузории он 50% аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 50% аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи телевизион ва радио анҷом дода шудаанд. Ҳамин тариқ, марҳилаи якуми Барнома 100% иҷро гардид. Дар доираи иҷрои марҳилаи дуюми Барнома дар соли 2021 насби 24 фиристандаи гуногуниқтидор дар назар дошта шудааст, ки бо анҷоми он сатҳи фарогирии аҳолии мамлакат бо пахши рақамӣ дар охири соли 2021 ба 78,5% мерасад.
Хабарнигорон ба масъалаи нигаҳдории маводди арзишманди радиоию телевизионӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва дар робита хабар дода шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти бойгонии Кумита толорҳои нигаҳдории "Хазинаи тиллоӣ"-и Радиои "Тоҷикистон" пурра таъмир гардиданд. Фарши тахтагини бино, ки зиёда аз 40 сол истифода ва корношоям гардида буд, бо маблағи 837 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд таъмиру навсозӣ гардид. Деворҳои толорҳо низ таъмир ва дубора барқарор карда шуданд. Роҳравҳои таҳхона таъмиру чароғон гардиданд. Ҳоло дар се толори нигаҳдории мавод, ки беш аз 450 м2-ро ташкил медиҳад, маводди хазинавӣ минбаъд дар се шакл: лентаҳои магнитӣ, DVD ва махзани ягонаи электронӣ нигаҳдорӣ мешавад. Қайд гардид, ки дар Бойгонии Кумита хазинаи навори видеоӣ ва филмҳо 780 маводро ташкил медиҳад, ки аз барнома, филмҳои мустанад ва идона иборат буда, ба феҳристи ягона ворид карда шудаанд. Инчунин, дар ин давра 607 фитта ба компютер гузаронда шуд. Мушаххасоти 2 ҳазору 134 фитта, ки барномаҳои идораҳои сиёсӣ, мусиқӣ ва гурўҳи эҷодии "Симо"-ро дар бар мегирифтанд, муайян ва ба хазина ворид карда шуданд. Дар бахши хазинадории радио то ин муддат қариб 80 диск бо ғунҷоиши 7350 суруду мусиқӣ ва 50 диск бо ғунҷоиши 535 гуфтори адабӣ коркард гардидааст. Ба хазинаи сабти овоз дар ин давра 110 гуфтор аз силсилаи хонишҳои бадеӣ ва барномаҳои мусиқӣ ворид карда шуд, ки дар маҷмўъ, 115 соатро дар бар мегиранд. Ҳамчунин, дар ин давра 985 суруду оҳанг ва асарҳои композиторони шинохтаи ҷаҳон аз лентаҳои магнитӣ ба шакли рақамӣ баргардон ва дар рафҳои хазинаи мусиқӣ ҷойгир карда шуд. Ҳамин тариқ, то имрўз беш аз 80%-и маводди хазина аз лента ба шакли рақамӣ баргардон шудааст.
Дар ҷавоб ба савол оид ба роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои нави телевизионию радиоӣ қайд карда шуд, ки ҳайати эҷодиву техникии "Телевизиони Тоҷикистон", "Сафина", "Ҷаҳоннамо", "Баҳористон", "Варзиш", "Синамо", Радиои "Тоҷикистон" ва шабакаҳои он - "Овози тоҷик", "Садои Душанбе" ва "Фарҳанг" дар ҷадвали пахши барномаҳои худ аз аввали сол дигаргуниҳои зиёд ворид намуданд, яъне даҳҳо барномаи нав пешниҳод карда шуд. Танҳо дар ҷадвали пахши барномаҳои "Телевизиони Тоҷикистон", 32 лоиҳаи нави телевизионӣ пешниҳод шудааст. Соли сипаришуда "Телевизиони Тоҷикистон" зиёда аз 90 силсилафилми илмӣ-оммавиро иборат аз 144 қисм тарҷума ва дубляж намуд.
Раиси Кумита Нуриддин Саид ёдовар шуд, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ бо номи "Илм ва табиат" таъсис дода шуд. Айни замон корҳо дар самти омода кардани макони ҷойгиршавӣ ва харидории техникаи он шурўъ гардидааст.
Хабарнигорон ба фаъолияти сомонаҳои интернетии шабакаҳои телевизионию радиоӣ мароқ зоҳир намуданд ва аз ҷониби роҳбарияти Кумита иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи шабакаҳо дорои сомонаҳои худ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳо мебошанд. Аз ҷумла, аз 15-уми майи соли 2020 сомонаҳои Радиои "Тоҷикистон" ва се шабакаи он дар тарҳу дизайни нав ба фаъолият шурўъ карданд ва ҳамарўза дар сомонаҳои мазкур аз 5 то 12 хабару гузоришҳои муаллифӣ нашр карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки имрўз саҳифаҳои Радиои "Тоҷикистон" ва шабакаҳои он дар фазои интернетӣ бо чунин ном фаъоланд: Радиои "Тоҷикистон" Radiotoj.tj, шабакаи "Фарҳанг" farhangfm.tj, шабакаи "Овози тоҷик" vot.tj ва шабакаи "Садои Душанбе" sadoidushanbe.tj.
Дар маҷмўъ, зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон паҳлуи фаъолияти соҳа сарфи назар нагардида, оид ба ҳама саволҳо ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуд.
Бознашр аз "Ҷаҳони паём"