Барномаи «Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ» баъди Берлин, Дрезден, Мюнхен ва Штуттгарт ба Ҳамбург мерасад

Барномаи «Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ ва кӯҳҳои Бадахшон нигини сайру саёҳат» чун барномаи фарҳангӣ дар Сафорати Тоҷикистон шурӯъ гардида, баъдан дар шаҳри Берлин, Дрезден, Мюнхен ва Штуттгарт идома ёфт. Ҳамчунин барнома дар шаҳри бандарии Ҳамбург низ доир гардид. Дар кори он консули фахрии Тоҷикистон дар замини Ҳамбург Куруши Пуркиён сухан гуфт. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
«Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ тӯли ин ҳафтаҳо дар маркази диққати доираҳои дӯстдорони сайру сайёҳати Олмон қарор дорад. Ба чорабиниҳои дар доираи ин барнома пешбинигардида садҳо нафар дӯстдорони сайру саёҳат ҷалб гардида, дар онҳо дар баробари муаррифии имконоту захираҳои сайёҳии Тоҷикистон, инчунин маводи зиёди таблиғотӣ паҳн карда мешаванд»,-хабар доданд аз Сафорат.
Аз ҷараёни кори ин барнома дар рӯзномаҳои даврӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста маълумоти зарурӣ дарҷ мегарданд, ки он дар рушди туризми кишварамон метавонад саҳми босазо гузорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: