Футболбозони навраси тоҷик бар дастаи Ӯзбекистон ғолиб омаданд

Шоми дирӯз  дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и   шаҳри Хуҷанд  бозии аввали дӯстонаи дастаи  мунтахаби наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон бо  дастаи мунтахаби  наврасони то 16-солаи  Ӯзбекистон  баргузор  гардид. Дар ин вохӯрии ҷолиб футболбозони навраси  тоҷик   бо  ҳисоби 1:0 дастаи  мунтахаби наврасони  Ӯзбекистонро мағлуб намуд. 24 сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти   Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд  бозии дуюми ин дастаҳо баргузор мешавад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Футболбозони навраси  тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев   бо дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Ӯзбекистон  ду дидори дӯстона доир менамоянд.

Бозии якуми рафиқона 21 сентябр   бар нафъи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон анҷом ёфт.   Аз ин пеш  дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол   бо дастаи  мунтахаби  ҷавонони Ӯзбекистон ду  бозии  рафиқона доир намуда буд. Вохӯрии  ин дастаҳо дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд  хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби  4:1  бар нафъи дастаи мунтахаби   ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт.  Дар ин бозӣ голҳоро дар ҳайати дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Абдулмуъмин Забиров, Салам Ашурмамадов, Рустам Соиров ва Сунатулло Исмоилов ба ҳадаф расониданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар аввалин бозии рафиқона, ки 3 сентябр доир гардида буд, дастаи мунтахаби  ҷавонони Ӯзбекистон  бо ҳисоби 1:0  бар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон пирӯз гардид.

 Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ӯзбекистон (U-16) – 1:0

Гол: Хусрав Тоиров, 38.

АМИТ «Ховар»

Tags: