«НБО-И «РОҒУН» НАМУНАЕ АЗ ИҚТИСОДИ САБЗИ МИНТАҚА». Доир ба аҳамияти иншооти муҳими аср китоб ба нашр расид

ТВТ.08.08.2022. «Муаммоҳои бунёдии НБО-и «Роғун» бо диди сиёсати экологӣ арзёбӣ гардидаанд», — омадааст дар оғози китоби тозанашри коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев, ки таҳти унвони «НБО – и «Роғун» намунае аз иқтисоди сабзи минтақа» чанде қабл аз ҷониби матбааи «Дониш» ба нашр расид.

«НБО – и «Роғун» намунае аз иқтисоди сабзи минтақа» ҷилди 3-юми силсилакитобҳои муҳаққиқ Ҳасан Асоев доир ба масъалаи «Роғун» буда, ба умдатарин масъалаҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» бахшида шудааст. Дар китоби мазкур дар шаш фасл ҷанбаҳои гуногуни НБО – и «Роғун» дар сатҳи минтақа муаррифӣ гардида, ба кормандони илм, мутахассисон, аспирантон ва ҳамаи алоқамандони соҳа тавсия дода шудааст.

Монографияи навбатии муҳаққиқ Ҳасан Асоева паҳлӯҳои гуногуни ифодагари аҳамияти минтақавии НБО-и «Роғун», ба монанди «Сиёсати гидроэнергетикии Тоҷикистон ва муаммоҳои амалигардонии он», «Чаро НБО-и «Роғун» маҳз дар ҳамин мавзеъ сохта мешавад?», «Сарбанди неругоҳи «Роғун» ва баҳсу андешаҳо дар атрофи он», «Муҳити экологии НБО-и «Роғун»», «Сиёсати экологӣ ва муаммоҳои сейсмологии НБО-и «Роғун»», «Парваришгоҳи гидрологии «Роғун»», «Туризми Роғун», «НБО-и «Роғун» ва худшиносии миллӣ» ва ғайраҳоро пайгирӣ намуда, дар он маълумоти ҷолибу хонданӣ доир ба неругоҳи мазкур гирдоварӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев ба масъалаи НБО – и «Роғун» таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аҳамияти ин иншооти муҳими асрро дар ду ҷилди китобҳои қаблан нашрнамудааш таҳти унвонҳои «Роғун – машъалафрӯзи минтақа (ҷилди 1), соли 2018» ва «НБО – и «Роғун» — кафолати рушди устувори минтақа (ҷилди 2), соли 2019» пурра ба риштаи таҳлил кашида, муҳимияти неругоҳро илман исбот намудааст.

Дар монографияҳои мазкур, аз ҷумла мавзӯъҳои «Роғун: меҳвари гуфтугӯҳо», «Тарҳи НБО – и «Роғун» аз нигоҳи коршиносон», «Мавқеи географии мавзеи Роғун ва хусусиятҳои табиии он», «Нақши НБО – и «Роғун» дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ», «НБО – и «Роғун» ва муаммоҳои Баҳри Арал» ва ғайраҳо пажӯҳиш шуда, муҳаққиқ хулосаи худро нисбат ба мавзӯи баррасишаванда холисона изҳор доштааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: