Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд

5 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Президенти Қирғизистон Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик гуфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо паҳлуҳои муҳимми равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.

Дар ин зимн Президентҳои ҳарду давлат оид ба саъю кӯшишҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон ибрози назар карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: