Сарбозони артиши Ироқ дар қисми ғарбии шаҳри Мосул ду минтақаи аҳолинишинро аз зери тасарруфи террористон озод карданд.
Қаблан низомиёни Ироқ вориди маҳалҳои қисми ҷанубии шаҳри Мосул шуда, фурудгоҳ ва як қароргоҳи террористонро зери назорати худ дароварда буданд.
Гуфта мешавад, амалиёти озодкунии минтақаҳои қисми ғарбии шаҳри Мосул як ҳафта қабл оғоз гардида, то ҳол ҷараён дорад. Ҳамзамон вазъияти интиқол додани кўмакҳои башардўстона ба сокинон мушкил мегардад.
Қаблан намояндаи комиссирияти олии СММ оид ба гурезагон изҳор дошта буд, ки аз оғози гузаронидани амалиёти озодкунии шаҳри Мосул теъдоди гурезагон қариб ба 250 ҳазор нафар расадааст.
Аз рўи маълумоти хизматчиёни ҳарбии Ироқ дар маҷмуъ дар қисми ғарбии шаҳри Мосул 750 ҳазор сокинон қарор доранд.