Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар ВМКБ иҷро шуд

Ҳамасола ҷавонписарони ноҳияи Дарвоз дар ҳудуди вилоят нахустин шуда, ба хизмати Ватан довталабона мераванд. Одатан пас аз як ҳафтаи эъломи даъват нақшаи сафарбаркунӣ ба иҷро мерасад. Чанд соли пеш дар дигар ноҳияҳо ин масъала ба кундӣ ба анҷом мерасид. Сардори комиссариати ҳарбии вилоят Шоҳназар Шаҳмиров изҳор дошт, ки имсол суҳбату мулоқотҳо бо ҷавонони синни даъватӣ, баргузор кардани ҳар гуна маҳфилҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, дидору гуфтугӯ бо сарбозони қисмҳои низомӣ ва шиносоӣ бо шароити хизмати онҳо имкон дод, ки худи ҷавонон довталабона ба комиссариати низомӣ ҳозир шуда, баъди муоинаи тиббӣ озими сафар ба хизмати Ватан шаванд.
Дар омода кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа низ саҳми арзишманд мегузорад. Дар ин ташкилот барои ҷавонони то синни даъватӣ маҳфилҳои гуногун, амсоли «Мерган», «Алоқачӣ», «Десантчиёни ҷавон», «Ронанда» амал мекунанд ва ҳамасола даҳҳо нафар ба ин давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд.
Соли равон бо кумаки Кумитаи марказии ин ташкилот бо харҷи 40 ҳазор сомонӣ як бино ба толори варзишӣ табдил дода шуд,а он бо асбобу ашёи варзишӣ таъмин гардид. Акнун дар ин толор ҷавонони шаҳри Хоруғ ҷисми худро обу тоб медиҳанд.

Tags: