Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии «Италия ва Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ» иштирок намуд

Имрӯз дар шаҳри Рим ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи «Италия ва Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ» баргузор гардид.  Аз Тоҷикистон дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иштирок доранд. Дар ин бора академик Фарҳод Раҳимӣ  аз шаҳри Рим ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Тавре президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, пеш аз оғози ҳамоиш ҷаласаи пленарӣ доир гардид, ки дар он вазирони корҳои хориҷии Италия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ сухан карданд.

Ҷониби Италия вазъи кунунии Осиёи Марказӣ ва ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ин давлатҳо таъкид намуда, пешниҳод кард, ки ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳо бояд ба роҳ монда шаванд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин омодагиҳоро барои ҳамкорӣ дар ин самтҳо баён намуд. Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ зимни суханронӣ кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун давлатҳои бомаром рушдкунанда эътироф намуд.

Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ доир ба муаррифии имкониятҳои илмии мамлакат, таърих ва бостоншиносӣ, пойгоҳҳои илмии Академияи илмҳо, имкониятҳои рушди сайёҳӣ ибрози назар намуд.

Номбурда пешниҳод намуд,  ки давлатҳои иштирокчӣ бояд  ҳамкориро дар самти илмҳои бунёдӣ, амалӣ ва ташкилу баргузор намудани конфронсу симпозиумҳои муштарак, омода намудани мутахассисон, инчунин  амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар мавзӯи тағийрёбии иқлим, нигаҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо вусъат диҳанд.

Президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ дар идома дар бораи ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об  ва 5500- солагии Саразми бостонӣ ибрози назар намуда, олимони Италияро ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Дар ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ намояндагони Италия,  Осиёи Марказӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доранд.  Онҳо имкониятҳои инвеститсионии худро барои давлатҳои Осиёи Марказӣ  баён намуда, таъкид карданд, ки Осиёи Марказиро ояндаи нек дар пеш аст ва бояд ин мамлакатҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: