ТВТ: 11.05.2022. Дар ҳошияи сафари расмии худ дар Туркманистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллии Генгеши Туркманистон Гулшат Маммедова мулоқот намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо изҳори қаноматмандӣ намуданд, ки ҳамкории судманди байнипарламентӣ ба густариши муносибатҳои дӯстонаи мардуми ду кишвар мусоидат менамоянд.
Зимни мулоқот атрофи дигар масъалаҳои афзалиятдори дуҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»