Хонандагони болаёқати Хуҷанд Тоҷикистонро дар олимпиадаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, соҳиби 14 медал гардиданд

Хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд зимни иштирок дар Олимпиадаи байналмилалии «International olympiad Antalya 2020» соҳиби 14 ҷойи ифтихорӣ гардида, 4 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Олимпиадаи мазкур аз 1 то 3 декабри соли 2020 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Дар он 22 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуданд.

Дар олимпиада аз 29 кишвари олам беш аз 2000 нафар ҳузур доштанд ва муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Тоҷикистонро дар ин озмуни байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.

Олимпиадаи байналмилалии «International olympiad Antalya 2020» аз рӯи фанҳои дақиқ ва забономӯзӣ тариқи фосилавӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: