Имсол дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд, ки сол ба сол ободу зебо мегардад, шинонидани беш аз 2000 дона дарахтони ҳамешасабз ба нақша гирифта шудааст. Дар шаҳри Гулистон низ ниҳолшинонӣ оғоз ёфта, тибқи супориши Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ин маърака дар вилоят то 1 феврал идома меёбад. Дар назар аст, ки дар баробари дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ҳамзамон дарахтони мевадиҳанда низ шинонида шаванд.
Дар ин хусус зимни машварати омӯзишӣ, ки 19 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ ва масъулини сабзазоркунии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори машварат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуд. Ба иштирокдорони машварат олимону мутахассисони соҳа оид ба интихоби дарахтони ҳамешасабз, парвариши онҳо, тарзи кӯчонидани дарахтони бисёрсола аз як ҷой ба ҷойи дигар, тарҳу ороиши кӯчаву хиёбонҳои марказӣ тавсияҳо доданд.
Ба ибрози мутахассисон, шинонидани дарахтон дар фасли тирамоҳ мувофиқи мақсад буда, риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ ҳатмӣ мебошад.
Раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки бо оғоз гардидани мавсими ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳо дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуда, кӯчаву хиёбон ва мавзеъҳои ҷамъиятӣ сабзу хуррам гардонида мешаванд. Зеро шинонидани дарахт ба муҳити экологӣ таъсири мусбат гузошта, ба кӯчаву хиёбон зебоии хосса мебахшад. Бо назардошти ин ба масъулин дастур дода шуд, ки дар маркази вилоят ва навоҳии атрофи он ниҳолу дарахтҳои ороишӣ ва гулу буттаҳо бо ороиши хосса шинонида шаванд.
Бояд зикр кард, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба иди ҳақиқӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.
АМИТ «Ховар»