Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров: Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиати ҳаётан муҳими худ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад

Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи доктринаи ҳарбии миллӣ барои таъмини амният ва ҳимояи манфиати ҳаётан муҳими худ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, афзалияти сиёсиву дипломатӣ ва дигар воситаҳои ғайринизомиро фароҳам меорад. Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо раисони кумитаҳо ва комиссияҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, баён дошт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ медиҳад, мулоқоти мазкур дар доираи ҷаласаи сайёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Комиссияи доимии ин Созмон оид ба мудофиа ва амният, ки  дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, баргузор гардид.

Зикр шуд, ки ҳамкории парлумонии Тоҷикистон дар доираи Ассамблеяи парлумонии СААД ба манфиати миллии давлатҳои аъзои Созмон мебошад. Ин ҳамкорӣ  қабул ва татбиқи қонунҳои миллӣ, муқовимат ба терроризму экстремизм байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, субот дар минтақа, инчунин пойдории ҳудудӣ ва рушди устувори давлатҳои аъзои СААД-ро таъмин менамояд.

«Калиди муваффақияти ин ҳама комёбиҳо,  пеш аз ҳама, мавҷудияти иродаи қавӣ ва қатъии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад»,- афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, хариду фурӯши одамон ва киберҷиноятҳоро таҳдид ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мешуморанд.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо оид ба мавқеи Тоҷикистон нисбат ба вазъи Афғонистон ибрози назар намуда, рушди ҳамкории бисёрҷонибаи мамлакатҳои аъзои СААД-ро муҳим ва мувофиқи мақсад шумориданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати меҳмонон дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо арзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» гулчанбар гузоштанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: