Дар Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ баргузор мегардад

Рӯзҳои 18-19 октябр дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати Ӯзбекистон иҷлосияи 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ /ШВКХ СҲИ/ доир мегардад. Дар ин бора рӯзи ҷумъа муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Ғайрат Фозилов зимни нишасти хабарӣ бахшида ба ин чорабинӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи ӯ, вазирони корҳои хориҷии 26 кишвари аъзо иштироки худро дар ин ҷаласа расман тасдиқ кардаанд. Дар кори ҷаласа Дабири кулли СҲИ Иёд бин Амин Маданӣ, президенти гурӯҳи Бонки исломии рушд Бандар Ҳажжор, сафирони махсуси кишварҳои назди СҲИ ва инчунин намояндагони як зумра созмонҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар соли равон ШВКХ СҲИ таҳти шиори «Таъсис ва шукуфоӣ — роҳ ба сӯи сулҳ ва созандагӣ» мегузарад.
СҲИ моҳи сентябри соли 1969 созмон ёфта, имрӯз 57 кишварро ба ҳам овардааст. Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 1 декабри соли 1992 аъзои ин созмон мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: