Нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб соати 08:30 дар маҷлисгоҳи Палатаи мазур, Агентии назорати маводи нашъаовар соати 10:00 дар Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ соати 11:00 ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 15:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баргузор менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) мувофиқа менамоянд.
Дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj ҳар рӯзи корӣ эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботҳои беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.
АМИТ «Ховар»