Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Пётр Порошенко барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Петр Алексеевич,
Ба муносибати биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина ба Шумо ва тамоми мардуми Украина табрикоти самимии хешро иброз менамоям.
Боиси хушнудист, ки тайи ин давра кишварҳои мо бо такя ба анъанаҳои деринаи робитаҳои ҳасанаи мардумони худ муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судмандашонро пайгирона густариш доданд.
Мо нисбати дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина дидгоҳи нек дорем ва итминон дорем, ки дар якҷоягӣ метавонем ба ин раванд бар нафъи ривоҷу равнақи ду кишвар ва таъмини некуаҳволии мардумонамон вусъати бештар бахшем.
Ба Шумо, муҳтарам Петр Алексеевич, сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Украина бошад, сулҳу субот ва пешравиҳо орзумандам».