Маъмурияти беморхонаи шаҳри Ваҳдат барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017
208 тонна ангишт, 280 метри кубӣ ҳезум, 6 адад гармидиҳандаи барқӣ ва 151 адад печкаи аловӣ аз ҳисоби буҷаи маҳалӣ харид намуда, беморхонаҳои минтақавӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии шаҳрро таъмин карданд.
«Масъулини беморхонаи минтақавии рақами яки шаҳр иброз намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Ваҳдат беморхонаи мазкурро бо барқи доимӣ таъмин намуд. Барои зимистонгузаронӣ 16 тонна ангишт, 5 метри кубӣ ҳезум захира шудааст. Айни замон беморон дар ҳуҷраҳои гарм табобат мегиранд»,-афзуд манбаъ.
АМИТ «Ховар»