Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Зоир Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо мақсади интихоби ҳайати нави Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳайати нави «Созандагони Ватан» иборат аз 21 нафар тасдиқ гардида, оид ба фаъолияти ҳар як номзад ба иштирокдорони ҷамъомад маълумот пешниҳод гардид. Сипас Фирӯзҷон Табаров оид ба фаъолияти панҷсолаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» гузориш дод.
Раҷабалӣ Бобохонов, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансур гузориши Фирӯзҷон Табаровро қаноатбахш ҳисобида, ба ӯ ҳамчун роҳбари фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои кӯшишу заҳматҳояш дар рушди ҳамкории ҷавонон, ки дар айни ҳол шумораи фаъолони ин ташкилот аз 200 ҳазор аъзо зиёд гардидааст, изҳори сипос намуд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки ҳар як ҷавон бояд аз мактаби бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақ омӯзад.
АМИТ «Ховар»