Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 24 август дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳо то 2 дараҷа паст мегардад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 10-15 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 2-7 ва рӯзона ба 13-18 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр гашта, ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шабона 13-15 ва рӯзона 33-35 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"