Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 13 апрел аз ҳавои номусод дар кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар минтақаҳои кӯҳии кишвар боридани борони сахт ва раъду барқ дар назар дошта шуда, таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо, хавфи омадани сел ва лағзиши тарма вуҷуд дорад. Дар ин рӯз дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво нисбатан хунук шуда, ҳарорати ҳаво 5-6 дараҷа поён мефарояд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар Душанбе аз 24 то 26 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 10 то 15 дараҷа ва дар шарқи ин вилоят аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво аз 24 то 29, дар вилояти Суғд 19 -24 ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
АМИТ "Ховар"