Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 16 то 18 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ва боридани боронҳои пуршиддат дар назар буда, дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.
Дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешгӯи шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати рӯзона паст мешавад.
Тавре зимни суҳбат аз Агентӣ хабар доданд, аз 15 то 17 апрел дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ шиддатёбии шамол то 15-20 метр дар як сония ва дар ҷануби вилояти Хатлон ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои ВМКБ эҳтимоли омадани сел пешбинӣ мешавад.
Имрӯз, 14 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 5 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона дар водиҳо 6-11 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 8-10 ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"