Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбари Ширкати “Ходайз групп Индастрис” Сиривас Ходай

Имрӯз дар шаҳри Ню Деҳлӣ дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати “Ходайз групп Индастрис” Сиривас Ходай мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус рафти иҷрои лоиҳаи сармоягузории сохтмони Нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Оби Хингоб — “Нуробод — 1”, “Нуробод — 2” ва “Фондарё” мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Тазаккур бояд дод, ки иқтидори нерӯгоҳи барқи обии “Нуробод — 1” — 400 МВт, “Нуробод — 2” — 520 МВт ва “Фондарё” — 135 МВт — ро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон якҷоя бо мутахассисони ширкати “Ходайз групп Индастрис” лоиҳаҳои бунёди нерӯгоҳҳоро пурра омӯхта, аз натиҷааш ба ҳукумати кишвар хулосаҳои худро пешниҳод намоянд.