Оби дарёи Ванҷоб аз пиряхи бузургтарини Осиёи Марказӣ, мавсум ба Федченко маншаъ мегирад ва дар мавсими обхезӣ ҳамасола сокинони назди соҳили ин рӯдхона маҷбур мешаванд, ки муваққатан хонаҳояшонро тарк кунанд. Бо назардошти ин вазъият дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи соҳилмустаҳкамкунӣ дар солҳои 2016-2020» таҳкими соҳили ин дарё низ ба нақша ворид гардид ва дар давоми як соли охир зиёда аз ним километр мавзеъҳои хатарнок комилан бехатар гардонида шуданд. Корҳои соҳилмустҳкамкунӣ бо маблағгузории «Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ва тағйирёбии иқлим» сурат гирифта, ҳоло коргарони ҶДММ «Ҷовид» ба таҳкими соҳили дарё дар шаҳраки навбунёди Ваҳдат машғул мебошанд.
Як тан аз масъулини ҷамъияти мазкур Воҳид Искандаров гуфт, ки «дар ин мавзеъ аз соҳили чап роҳи мошингарди Хоруғ- Ванҷ ва аз соҳили рост шаҳраки Ваҳдат ҷойгир аст. Имсол барфи зиёд борид ва дар мавсими обхезӣ эҳтимоли шуста бурдани роҳи мошингард ва зери об мондани шаҳрак вуҷуд дорад. Бинобар ин зарур аст, ки ҳарду тарафи соҳилро бо харсанг ва симтӯр мустаҳкам намоем ва роҳу шаҳракро аз харобшавӣ наҷот диҳем».
Ҳоло корҳо мутобиқи нақша идома ёфта, то баланд шудани оби дарё ҳарду тарафи соҳили дарё ба таври комил мустаҳкам карда мешаванд.
АМИТ "Ховар"