Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои МҲТБО

Муҳтарам ҳамкорон ва роҳбарони ҳайатҳо,
Муҳтарам ширкаткунандагони ҷаласа,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои садорати муваффақ ва корҳои анҷомдодашуда дар марҳилаи муҳими рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳори миннатдорӣ намоям.

Тоҷикистон дар давраи садорати худ дар Машварат мусоидати ҳамаҷониба ба таҳкими муколамаи созанда ва мушорикати густурда миёни давлатҳои аъзо тавассути идомаи роҳандозии тадбирҳои боварӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар шукуфоӣ ва рушди мутаносиби тамоми минтақаи Осиёро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад.

Айни ҳол минтақаи фарохи Осиё бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ аст, ки дар пасманзари онҳо тақдири таърихии мардум дар роҳи саъю талошҳо баҳри рушди иқтисодию устувори муштарак ва пешрафт бо ҳам пайвастаанд.

Тоҷикистон зарурати пешбурди минбаъдаи талошҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиё, таъмиқи ҳамкории бисёрҷанба ва татбиқи чораҳои эътимодсозиро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва башардӯстӣ дар доираи раванди МҲТБО таъкид менамояд.

Муҳтарам иштирокдорони Саммит,

Аз замони Саммити охир дар минтақаи МҲТБО таҳаввулоти назаррасе ба вуқӯъ пайвастаанд.

Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд.

Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд.

Баъди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад.

Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ, давоми соли гузашта ва ҷорӣ ду конфронси муҳими сатҳи баландро, дар мавзӯи таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҷодаи мубориза бо ин хатарҳои ҷаҳонӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо баргузор намуд.

Муқовимати самарабахш ба таҳдиду хатарҳои мазкур зарурати татбиқи чораҳои фарогирро оид ҷиҳати беҳтар намудани ҷанбаҳои иҷтимоии ҳаёти ҷомеаҳои мо, аз ҷумла коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва бекориро тақозо менамояд.

Вазъияти печидаи Афғонистони ҳамсоя низ боиси нигаронии ҷиддии мо гардидааст.

Андешидани чораҳои самарабахш ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлатҳои аъзои МҲТБО дар ин ҷода метавонанд ба ҳалли қазияи Афғонистон мусоидати воқеӣ намоянд.

Дар ин зимн, мусоидат ҷиҳати ҷалби Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар доираи панҷ ченаки Машварат метавонад нақши муҳим дошта бошад.

Таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ҷузъи таркибии иштироки мо дар раванди расидан ба рушди ҳадафҳои устувор ба ҳисоб меравад.

Ба таври пурра мавриди истифода қарор гирифтани иқтидори транзитии минтақа тавассути тезонидани раванди азнавсозӣ ва сохтмони инфрасохтори нави коммуникатсионӣ ҷавобгӯи манфиатҳои умумии мо мебошад.

Муҳити зист ва тағйирёбии иқлим низ аз самтҳои муҳими ҳамкории мо маҳсуб меёбад.

Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти кишварҳои мо хисороти бузург мерасонанд.

Дар ин робита, мо пешниҳод менамоем, ки василаҳои самарабахши расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба кишварҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, таҳия гарданд.

Тоҷикистон низ, ки наваду се (93) фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии худ, дар рӯ ба рӯи оқибатҳои харобиовари офатҳои табиӣ, ки ҳар сол боиси зарари калони моддӣ ва талафоти ҷонӣ мегарданд, осебпазир аст.

Дар кишвари мо тайи чиҳил соли охир зиёда аз ҳазор (1000) пирях нобуд шудааст, ки ин дар навбати худ, ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ – гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.

Идомаи раванди обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳаҷми захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз шаст (60) фоизи он дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад, таъсири манфӣ мерасонад.

Ин омил дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор монеаҳои иловагӣ эҷод менамояд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Осиёи Марказӣ захираҳои обӣ ҷузъи муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбудии экологии минтақа ба ҳисоб мераванд.

Дар ин робита, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа танҳо тавассути истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, кам кардани талафот ва сарфаи онҳо барои наслҳои оянда имконпазир аст.

Тоҷикистон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муассир дорад.

Бо иқдоми ҷониби мо аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2003 то имрӯз  Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) эълон гардидаанд.

Бо ташаббуси навбатии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки татбиқи расмии он соли гузашта оғоз ёфт, бо иттифоқи оро қабул гардид.

Татбиқи фарогири чораҳои амалӣ дар доираи Даҳсолаи нав барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат хоҳад кард.

Дар ин робита, иштироки давлатҳои МҲТБО-ро дар татбиқи муштараки Даҳсолаи мазкур муҳим арзёбӣ менамоем.

Муҳтарам ширкаткунандагони ҷаласа,

Тоҷикистон дар давраи садорати худ ба пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва беҳтарсозии мушорикати кишварҳоямон дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Дар ин росто, аз ҷониби мо бо манзури шиносоии васеи намояндагони кишварҳои аъзои МҲТБО бо мероси фарҳангӣ-таърихӣ ва захираҳои ғании табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъсиси замина барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҷадиди ҳамкорӣ дар ин самт чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Умед дорем, ки вохӯрии имрӯза ба мо ҷиҳати табодули таҷрибаи тайи солҳои шарокат дар доираи Машварат андӯхта ва муайянсозии самтҳои асосии фаъолияти муштараки минбаъдаи мо оид ба таҳкими ҳусни эътимод, амният ва пешбурди раванди МҲТБО имконият фароҳам меорад.

Итминон дорам, ки Саммит барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ ва таҳкими абзорҳои ҳамкории бисёрҷониба ва мушорикати васеъ дар доираи ҳалли масъалаҳои умдаи МҲТБО такони иловагӣ мебахшад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Tags: