Хонандаи Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ» Далер Пиров дар олимпиадаи Москва аз беҳтарин нанотехнологҳо дониста шуд

Имрӯз як гурӯҳ мактаббачагони тоҷик, ки дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба технологияи муосир (нанотехнология) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардида буд, ба ватан баргаштанд.

Тавре аз  Литсей-интернати  Тоҷикистону  Россия «Ҳотам ва ПВ»   хабар доданд,   дар ҳайати  гурӯҳи мазкур хонандагони синфи 9 Далер Пиров ва Темур Саломатшоев, ҳамчунин хонандаи синфи 10 Фараҳманд Ҳасанов аз гимназияи мазкур  шомил буданд.

Ба иттилои манбаъ, олимпиада   аз 25 то 31 марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В. Ломоносов  баргузор гардид. Дар он 9 ҳазору 453 нафар  хонандагон, донишҷӯён, аспирантон ва донишмандони ҷавон аз 28 кишвари дунё дар марҳилаҳои гуногун   ширкат намуданд.

Тибқи талаботи озмун, дар олимпиада 5-6 нафаре, ки холҳои аз ҳама бештарро аз рӯи фанҳои математика, физика, химия ва биология бо назардошти самти нанотехнологӣ соҳиб шуданд, ғолиб дониста мешаванд. Дар ин гурӯҳ   Далер Пиров  дар миёни ҳамсолони худ яке аз нафарони фаъол ва аз беҳтарин нанотехнологҳо шинохта шуда, ғолиби озмун гардида, бо дипломи дараҷаи якум ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуд.

Ҳамчунин Темур ва Фараҳманд барои иштироки фаъолона бо диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки олимпиадаи мазкур яке аз олимпиадаҳои сатҳи мураккаб  ба шумор меравад ва ғолибони он метавонанд бе супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ донишҷӯи дилхоҳ донишгоҳ шуда, гирандаи гранти Президенти Федератсияи Россия  гарданд.

АМИТ "Ховар"