Холов Фирдавс Ҳайдаралиевич

Холов Фирдавс Ҳайдаралиевич соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Соли 2015 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2019 хатм намудааст.

Дорои рутбаи ҳарбии лейтинанти хурд буда, ба ҳайати офитсерони эҳтиётї шомил мебошад.

Баъди хатми донишгоҳ, соли 2019 дар Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррир ба кор оғоз намуда, то моҳи январи соли 2021 дар идораи номбурда кор кардааст.

Хатмкунандаи шуъбаи магистратураи ихтисоси журналист –тарҷумони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2021 мебошад.

Аз 1 январи соли 2021 ҳамчун муҳаррири Идораи барномаҳои меъморӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсияи «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият намуда, муҳаррир ва барандаи барномаи «Меъмор» мебошад.