Сармуҳаррир | Муҳаррирон | Коргардонҳо
Идораи барномаҳои меъморӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия 1-уми январи соли 2021 таъсис ёфта, ҳайати гурўҳи эҷодии он аз 6 нафар иборат мебошад.
Гурўҳи эҷодӣ давоми ҳафта барномаҳои «Истиқбол аз Истиқлол», «Меъмор», «Масир» ва «Робита»-ро таҳия мекунад.
Дар барномаи «Истиқбол аз Истиқлол» раванди созандагию ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мешавад. Аз ҷумла бунёд, таъмир ва навсозии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, боғу гулгаштҳо, майдону толорҳои варзишӣ, марказҳои муосири хизматрасонӣ, таҳия ва татбиқи Нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.
Дар барнома саҳми Ҳукумати мамлакат ва ташаббусҳои соҳибкорон дар самти бунёд, таъмир ва навсозии иншоот шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Дар ин барнома ҳамчунин истифодаи унсурҳои миллию аврупоӣ дар асоси лоиҳа ва ба инобат гирифтани маҳали ҷойгиршавии иншоот, ороиш ва дизайни иншоот нишон дода хаҳад шуд.
Дар барномаи «Меъмор» асосан бо иштироки мутахассиони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Хадамоти назорат дар соҳаи сохтмон ва олимони соҳа сифати корҳои сохтмонӣ, роҳу усулҳои муосири бунёди иншоот пайгирӣ карда мешавад.
Камбудиҳо дар вақти таҳияи лоиҳаи биною иншоот, инчунин деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишин, дастрасии сокинон ба хизматрасониҳои коммуналӣ ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад. Ҳамчунин таркиб, сифат ва истифодабарии ҳар як масолеҳи сохтмонӣ дар алоҳидагӣ шарҳу тавзеҳ дода мешавад Дар ин барнома фаъолияти пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ инъикос гардида, лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда дар мамлакат баррасӣ карда мешаванд.
Дар барномаи «Масир» масъалаҳои бунёд, таъмир ва навсозии роҳу пул ва нақбҳо, корҳои лоиҳакашӣ дар самти бунёди роҳҳо, ҳолати роҳҳо, фаъолияти хоҷагиҳои нигоҳдории роҳҳо пайгирӣ мешавад. Аз ҷумла, дар самти татбиқи лоиҳаҳои бузург, ба монанди таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар, сохтмони роҳи автомобилгарди Кўлоб-Қалъаи хумб, қитъаҳои А (Кўлоб-Ш.Шоҳин) ва F (Шкев-Қалъаи хумб), Ваҳдат – Рашт – Нуробод ва ғайра барномаҳо омода карда мешавад. Дар ин барнома хизматрасонии логистикӣ низ баррасӣ мегардад. Ҳамчунин дар барнома сатҳи хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш, фаъолияти ҷамъиятҳои мусофирбари байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ, таъсиси хатсайрҳои нав, инчунин масъалаҳои вобаста ба авиатсияи гражданӣ баррасӣ мешаванд.
Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он, алоқаи мобилӣ, алоқаи почта, алоқаи телеграфӣ, алоқаи радиошунавонӣ, хизматрасонии Интернет, барқарорсозии шабакаи ҳукумати электронӣ дар ҳамаи Вазорату идораҳои давлатӣ барнома таҳти унвони «Робита» таҳия мешавад. Ҳамзамон фаъолияти ҶСК «Тоҷиктелеком», КВД «Почтаи Тоҷик», КВД «ММЭМР», оператору провайдерҳо ва дигар корхонаҳои соҳа пайгирӣ хоҳад шуд. Бештар мушкилоти соҳа баррасӣ карда мешавад.