Муҳаррирони меъморӣ

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад 18 феврали соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Соли 2014 ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 2018 бо ихтисоси танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ хатм намудааст.

Баъди хатми донишгоҳ, соли 2018 дар Идораи барномаҳои сиёсии «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррир ба кор оғоз намуд.

Муҳаррир ва ровии барномаи «Қонун»  буда, то моҳи январи соли 2021 дар идораи мазкур фаъолият дошт.

Холов Фирдавс Ҳайдаралиевич

Холов Фирдавс Ҳайдаралиевич соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Соли 2015 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2019 хатм намудааст.

Дорои рутбаи ҳарбии лейтинанти хурд буда, ба ҳайати офитсерони эҳтиётї шомил мебошад.

Баъди хатми донишгоҳ, соли 2019 дар Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррир ба кор оғоз намуда, то моҳи январи соли 2021 дар идораи номбурда кор кардааст.