«ХАТ ҒАЛАТ, ИМЛО ҒАЛАТ, ИНШО ҒАЛАТ, МАЪНО ҒАЛАТ». Кумитаи забон 197 маводи соҳибкорони инфиродӣ ва шиору овезаҳоро баррасӣ намуд

Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо шиору овезаҳои зиёде насб мешаванд, ки бисёре аз онҳо ғалат навишта шудаанд ё ба талаботу қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ нестанд. Барои аз байн бурдани ин ғалатнависӣ Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тадбирҳо меандешад? Ба ин саволи хабарнигор   Раиси Кумитаи забон ва ислоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода чунин посух дод:

«Кумита дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту идораҳо 197 маводи ташкилоту соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои истеҳсолкунандаи рекламаро мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро мувофиқа намуд. Дар натиҷа шиору овезаҳои ғайримеъёриву пур аз ғалати имлоӣ барканда шуда, ҳамчунин нисбат ба соҳибкорони инфиродии ташкилоту марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо ҷиҳати ғайримеъёрӣ будани номгузориҳо огоҳӣ ва санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар доираи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи беруна ва ороиши шаҳри Душанбе», намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хадамоту мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобаста ба назорати матни шиору овезаҳо, навиштаҷоти ғалату бегона ва номгузориҳои ғайримеъёрии марказҳои хизматрасонию нуқтаҳои савдо аз ҷониби гурӯҳи корӣ назорати санҷишӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон ҷиҳати ислоҳи ин камбудиҳо дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи тадбирҳо таҳия ва тасдиқ шуд, ки тибқи он корҳо дар ин самт амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рукни асосии давлату миллат пайваста кӯшиш шуда, назорат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҷиддӣ амалӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябри соли 2022 дар Донишкадаи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чунин таъкид намуданд: «Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ ба мисли дигар давлатҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем».

Ба гуфтаи Олимҷон Муҳаммадҷонзода, ҳар фарди соҳибзабон бо ҳисси амиқи масъулиятшиносӣ ва дарку эҳсоси баланди ҳувияти миллӣ дар татбиқи амалии ин дастури Сарвари давлат ва муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд худро вазифадор ҳисобад. Танҳо бо ин роҳ солҳои наздик мо метавонем камбудиҳои ҷойдошта дар ин самтро якҷоя бартараф созем.

Tags: