Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Роҳбари Дафтари барномаи Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Туула Юрёла оид ба лоиҳаи ғайрибуҷетии Дафтари барномаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба “Барномаи ҳамкории маҷмўӣ оид ба хавфҳои воситаҳои хатарноки тарканда” Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, шартномаи ҳамкорӣ зимни вохӯрии ҷонибҳо 9 ноябр ба имзо расида, дар мулоқот доир ба вазъи амалӣ гардидани як зумра барномаҳо дар доираи ҳамкории самарабахши ҳарбӣ бо ин Созмон, густариш додани муносибатҳои низомӣ ва дигар масоили марбут ба нақшаю дурнамои ҳамкории гуногунҷабҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо аз саҳми Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар татбиқи лоиҳаи навбатӣ дар самти таъсиси маркази таълимии минтақавӣ оид ба хавфҳои воситаҳои хатарноки тарканда дар назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани курсҳои махсус ва дар заминаи он таъмини иқтидори устувори миллии безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Роҳбари Дафтари барномаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон Туула Юрёла низ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи амалии муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва интиқоли минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо баланд арзёби намуда, оид ба амалӣ намудани барномаҳои лоиҳавии пешниҳоднамудаи Вазорати мудофиа изҳори омодагӣ кард.