Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 23 ноябри соли 2018 №551
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Директори генералии
Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»
озод намудани Исломзода А.Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Исломзода Алимурод Тағоймурод бо сабаби вафоташ аз вазифаи Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 23 ноябри соли 2018 №552
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Раёсати Бонки
давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Амонатбонк» озод намудани Раҳмон И.Х.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 23 ноябри соли 2018 №553
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазир — Сардори Сарраёсати
иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Умаров М.Ғ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Умаров Мансурҷон Гаффорович муовини Вазир — Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 23 ноябри соли 2018 №554
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шодихон Ҷ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шодихон Ҷамшед муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 23 ноябри соли 2018 №556
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини Вазир — Сардори Сарраёсати
иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Шарифзода И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарифзода Изатулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини Вазир — Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон