Пешвои миллат: «Дар замони истиқлолият дар ноҳияи Ёвон 66 бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд»

Дар замони истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ёвон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 66 бинои нави таълимӣ барои 48 ҳазор нафар хонанда ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021, яъне давоми панҷ сол сохтмони боз 5  муассисаи нави таълимӣ, шуъбаи маорифи ноҳия, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 12 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст. Ин нуктаро дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ  дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 дар ноҳияи Ёвон баён намуданд.

Дар ин робита Сарвари давлат ба  Вазорати маориф ва илм  супориш доданд,  ки якҷо бо мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ иҷрои саривақтии барномаи зикршударо таъмин намояд.

Роҳбари давлат ҳамчунин  таъкид намуданд, ки бо мақсади таъмини ояндаи босаодати кишвар ва рушди бомароми ҷомеа мо минбаъд низ ба соҳаи маориф ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекунем ва онро пайваста дастгирӣ менамоем.

Президенти мамлакат  ҳамзамон  кормандони соҳаи маорифро  ҳамчун қишри огоҳу донишманд ва пешсафи ҷомеа минбаъд низ барои   иҷрои содиқонаи  рисолати муқаддаси хеш  дар роҳи тарбияи насли ояндасози миллат  ҳидоят намуда,  аз ҷумла,    таъкид намуданд: «Аҳли маорифи ноҳия, аз ҷумла омӯзгорону устодони мактаби навбунёди имрӯзаро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо падару модарон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва ба камол расонидани кадрҳои лаёқатманд кӯшиши бештар кунанд. Итминони комил дорам, ки аҳли маорифи ноҳияи Ёвон минбаъд низ барои ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа содиқона заҳмат мекашанд, шогирдони арзанда, худшиносу худогоҳ, созандаву бунёдкор ва муҳимтар аз ҳама, насли дорои эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия менамоянд».

Пешвои миллат ба хонандагони мактаби нав муроҷиат намуда, зикр намуданд: «Шумо – фарзандони азиз, шогирдони ин мактаби замонавиро даъват менамоям, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намоед ва дар оянда ҳамчун фарзандони сарбаланди кишвар барои ободии сарзамини аҷдодӣ содиқона хизмат кунед».

АМИТ «Ховар»