ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон ба 5035 нафар расид

То соати 19:30 дақиқаи 14 июн дар Тоҷикистон 5035 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3409 (67,7%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 50 нафар фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 540 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 121 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

АМИТ «Ховар»

Tags: