Тавре қаблан иттилоъ додем, 11 декабр астероиди 4660 Nereus ба Замин наздик мешавад ва аз сайёра дар масофаи тақрибан 3,9 миллион километр парвоз мекунад. Доир ба ин мавзӯъ директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Гулчеҳра Қоҳирова ба мухбири АМИТ «Ховар» андешаҳояшро иброз намуд.
Ба иттилои мавсуф, астероиди (4660) Nereus 28 феврали соли 1982 дар расадхонаи Паломари иёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Америко кашф шудааст. Астероид ба гурӯҳи бузурги Апаллон дохил гардида, ба астероидҳои наздизаминӣ мансуб аст. Аз тарафи олимони соҳа астероид эҳтимолан хатарнок тасниф карда шуда, андозаи он ба 330 метр баробар аст ва тахминан ҳар ду сол дар атрофи Офтоб як бор гардиш мекунад.
Астероид соли 2021 наздикшавӣ ба Заминро оғоз карда, 11 декабр, соати 01:13 ба вақти маҳаллӣ дар масофаи қариб 4 миллион километр ба сайёраи мо ҳарчӣ бештар наздик хоҳад шуд. Ин масофа аз масофаи байни сайёраи Замин ва Моҳ 7 баробар зиёд аст. Бино ба маълумоти Маркази тадқиқоти NASA, аз соли 1900 то 2011 астероид ба Замин 16 маротиба наздик шудааст ва наздикшавии навбатии он моҳи марти соли 2032 дар назар мебошад. Бо вуҷуди ин, моҳи декабри соли 2112 бозгашти наздиктарини ӯ ба Замин рух медиҳад. Гарчанде ки астероид эҳтимол хатарнок ва андозаи он хеле калон аст, аммо масофаи нисбатан калони наздикшавии он ба Замин моҳи декабри соли 2021 эҳтимоли бархӯрди астероидро бо Замин ночиз мекунад. Ба ибораи дигар, астероид барои Замин умуман хатари воқеӣ надорад.
Баҳри таҳлили дақиқи астероиди 4660 Nereus Институти астрофизикаи АМИТ тасмим гирифтааст, ки ҳангоми наздикшавӣ астероидро пурра мушоҳида намуда, хусусиятҳои физикию динамикии онро омӯзад.
АМИТ «Ховар»