Ғолибони озмунҳои «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе муайян шуданд

Озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардиданд. Зимни як ҳамоиши тантанавӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе довталабоне, ки   дар озмунҳои мазкур    сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, қадрдонӣ шуданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун, дар номинатсияи «Оилаи беҳтарин» оилаи Заррагул Қурбонова, истиқоматкунандаи кӯчаи Қурбон Раҳимови ноҳияи Исмоили Сомонӣ  мақоми аввалро соҳиб шуда, оилаи Фирӯза Ҳиматова, сокини кӯчаи Гастеллои ноҳияи Шоҳмансур ба  ҷойи дуюм ва оилаи Абдуғаффор Ғаниев аз кӯчаи Сайидои Насафии ноҳияи Фирдавсӣ ба гирифтани  ҷойи сеюм ноил гардиданд.

Дар номинатсияи «Маҳаллаи беҳтарин» ҷойи аввал ба маҳаллаи «Шоҳмансур-1»-и ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюм ба маҳаллаи  «Чортут»-и ноҳияи Сино ва ҷойи сеюм ба маҳаллаи «Шафақ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муносиб дониста шуд.

Дар номинатсияи «Кӯчаи беҳтарин»  ҷойи якум  ба хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мақоми  дуюм ба кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва зинаи сеюм ба кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ  сазовор дониста шуд.

Ғолибон дар  ҷамъомади  тантанавӣ бо мукофотҳои пулӣ ва «Диплом»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар пойтахт   имсол ва соли 2021  ҷиҳати муайян намудани беҳтарин оила, маҳалла ва кӯча озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  аз 13 марти соли 2020 ба имзо расидааст.

Бо қарори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони ҳар як озмун —  «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»  дувоздаҳ ҳазор сомонӣ (барои ҷойи якум — 6000, ҷойи дуюм — 4000 ва ҷойи сеюм — 2000 сомонӣ) ҷудо  гардидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: