ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар Уммон ғолиб омад

Дастаи футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар дастаи футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Уммон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дидори мазкур 24 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, голи ягонаро Рустам Соиров дар дақиқаи 74-ум ба ҳадаф расонидааст.

Ёдовар мешавем, ки бозии дуюми дӯстона миёни наврасони Тоҷикистону Уммон  27  апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 доир мешавад. Дастаҳои футболи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Уммон моҳи сентябри соли равон дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

 АМИТ "Ховар"

Tags: