Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара майдони хурди болопӯшидаи футбол ва ҳавзи шиноварӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Маҷмааи варзишии мазкур бо ташаббуси соҳибкор Бахтиёр Мансуров бунёд гардидааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳудуди ҷамоати мазкур ин сеюмин майдончаи хурди болопӯшидаи футболбозӣ мебошад.
Дар ҷамоати Чоркӯҳ варзишгоҳи замонавии дорои 5000 ҷойи нишаст амал мекунад, ки соли 2013 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд.
Инчунин дар деҳаи Хушободи Ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара бо саҳми сокинон майдончаи хурди футбол мавриди истифодаи дӯстдорони варзиш қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша дар шаҳри Исфара сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тармими 457 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии зиёда аз 922 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст. Давоми ҳашт моҳи сипаришудаи соли равон аз 124 иншооти нақшавӣ корҳои навсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 80 иншоот пурра ба итмом расонида шудаанд.
АМИТ «Ховар»