ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд.
Бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи “Акашариф Ҷӯраев” бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмир бароварда шуда, дар он барои кору эҷоди аҳли ҳунар имкониятҳои мутобиқ ба талабот фароҳам гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ деҳлезҳо, толори барҳавои муассиса бо 989 ҷойи нишаст, 10 ҳуҷраи пардозгарӣ ва ёрирасон аз таъмир бароварда шуд.
Дар толори консертӣ дастгоҳҳои тақвияти овоз, чароғҳои нави ранга ва монитори калон насб гардидааст. Дар маҷмуъ дар толор барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҳунарӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Боми бино иваз ва намои берунии он навсозӣ гардидааст. Фаввораҳо барқарор шуда, саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишию сояафкан оро ёфтааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифодаи бо самар аз имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар, эҷоди оҳангу сурудҳои баландмазмун, ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба кор, талқини худшиносӣ ва маънавиёти баланд дар ниҳоди шаҳрвандон ҳидоят намуданд.
Дар даромадгоҳи муассиса дастовардҳои сохторҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда буд.
Толори консертӣ ва роҳраву ҳуҷраҳои кории Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъмирталаб шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ ҷавобгу набуд. Сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати кишвар имкон фароҳам овард, ки аҳли ҳунар барои кору эҷод аз имконияти замонавӣ баҳравар шаванд. Ин туҳфаи навбатии Роҳбари давлат ҳавасмандии ҳунармандонро барои эҷоди асарҳои нав, аз ҷумла суруду оҳангҳои ҷаззоб афзун мегардонад.
Зимни боздид аз намоиш Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки ҳунармандон бояд бо истеъдоди фавқулодаю сурудҳои баландмазмун дар баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандон ва муаррифии фарҳангу тамаддуни волои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон дар толори барҳаво аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи рангини консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд, ки таҷассумгари дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ғании тоҷикӣ буд.