Кумитаи тадорукоти 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи рамзи ин ҷашни фархунда озмун эълон менамояд.
Муаллифон ҳангоми таҳияи лоиҳаи рамзи ҷашнӣ бояд ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва рукнҳои давлатдории миллии тоҷикон эътибори бештар диҳанд.
Дигар талаботи ба рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд дар Низомномаи он ба таври муфассал шарҳ дода шудаанд, ки дар сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор мешавад.
Шахсоне, ки дар озмун иштирок кардан мехоҳанд, метавонанд лоиҳаи худро бо нишон додани ному насаб ва суроға ба унвони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 34) дар шакли рангаи андозаи А-4 ва шакли электронӣ (диски CD) ирсол намоянд.
Муҳлат то 30 марти соли 2018.
Барои ғолибони рамзи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.
Кумитаи тадорукот
АМИТ "Ховар"