Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад

22  декабри  соли 2017, соати 09:00  дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи панҷуми  якҷояи   Маҷлиси миллӣ  ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   даъвати панҷум  баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати ҷаласаи  панҷуми  якҷояи   Маҷлиси миллӣ  ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   даъвати панҷум» ба тасвиб расид.

Тавре аз Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд,  дар ҷаласаи панҷуми  якҷояи   Маҷлиси миллӣ  ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   даъвати панҷум   суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёмашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ва тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

АМИТ "Ховар"