Дирӯз дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба рукни муқаддаси миллии кишвар-Парчами давлатӣ ва роҳандозии тарзи ҳаёти солим мусобиқоти дави миллӣ ва веломарафон доир гардиданд.
Мусобиқоти мазкур бо иқдоми бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Парчами давлатӣ-рамзи ифтихори миллӣ» роҳандозӣ шуда, дар масофаи 8 км, оғоз аз Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии «Истиқлол» то микроноҳияи 3-юм бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар дӯстдорони варзиши сабук ва 100 нафар ҳаводорони варзиши дучархаронӣ гузаронида шуд.
АМИТ "Ховар"