Дирӯз, 9 май дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар форум раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, роҷеъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, бахусус соҳаҳои саноату кишоварзӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, имкониятҳои содиротӣ ва минтақаҳои сайёҳӣ маълумот дод. Раиси вилоят таъкид дошт, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд барои рушди соҳибкорӣ, вусъати ҳамгироӣ бо шарикони рушд ва созмонҳои молиявӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
«Боварӣ дорам, ки баргузории форуми муштарак ба таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳамгироӣ мусоидат хоҳад намуд ва шартномаҳои нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд ба имзо мерасанд», — зикр кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Директори департаменти робитаҳои байналмилалии шартномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ал – Мифқӣ Бадр Муҳаммад ва муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ низ доир ба самтҳои муҳими ҳамкорӣ ва густариши равобити судманд ибрози андеша намуданд.
Дар кори форум муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Мумин, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал – Бадӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ширкат варзиданд.
Меҳмонони форум аз ярмарка – намоиши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии вилоят дидан намуда, бахусус ба маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву муфид, меваву сабзавоти кишоварзони вилоят ва обҳои нӯшокии ширини ватанӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
Иштирокдорон ҳамзамон аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», маҷмааи миллии «Оши палов», маҷмааҳои таърихӣ – фарҳангии «Истиқлол» ва «Боғи Камоли Хуҷандӣ», осоишгоҳи «Баҳористон» ва як зумра корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ дидан намуданд.
АМИТ "Ховар"