Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко 15 майи соли равон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф овард.
Президенти Ҷумҳурии Беларус ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
АМИТ "Ховар"