Дилшод Назаров ба даври финалӣ роҳ ёфт

Шоми  имрӯз соати 19:05 бо вақти Душанбе  гурзандози  шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба  гурзандозӣ  тибқи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат варзид.
Ӯ гурзро ба масофаи 76.39 метр партоб намуда, дар гурӯҳи худ бо ишғоли ҷои сеюм ба даври финалӣ роҳ ёфт. 
Ёдовар мешавем, ки даври финалӣ санаи 20 – уми август баргузор хоҳад гардид. Ба варзишгари тоҷик Дилшод Назаров пирӯзӣ хоҳонем.
 

Tags: