Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои даври 16-уми чемпионати мамлакат бо дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рақобат намуд. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дидори дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар доираи бозиҳои даври 16-уми мусобиқоти Лигаи олии мамлакат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифта, бо ҳисоби 2:0 бар нафъи шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев ба поён расид.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 82-юм Дилшод Восиев кушод. Баъд аз 3 дақиқа ҳуҷумкунандаи беҳтарини мавсим Манучеҳр Ҷалилов як маротибаи дигар дарвозаи ҳарифонро рахна сохта, ҳисобро 2:0 кард.
Бо ин пирӯзӣ дастаи футболи «Истиқлол» дар ҷадвали умумии мусобиқот мавқеи худро боз ҳам устувор намуд. Барои дарёфти 6-умин унвони қаҳрамони Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-ро зарур аст аз 6 бозии интизорӣ танҳо 4 имтиёзи дигар ба даст орад.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ғалабаи «Истиқлол» бар дастаи «Регар ТадАЗ» дар соли равон ба ҳисоб меравад.
АМИТ "ХОВАР"