Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон баъди ширкат дар бозиҳои 39-уми ниҳоии Ҷоми Осиё-2016 аз кишвари Баҳрайн субҳи имрӯз ба Душанбе баргашт. Дар фурудгоҳ футболбозони кишварро мухлисони сершумор истиқбол гирифтанд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Д» бо дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон (1:2), Чин (2:0) ва Австралия (0:0) бозӣ карда, бо касби 4 имтиёз бори аввал дар таърихи футболи мамлакат ба бозиҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Ҷопон бахти футболбозони мо омад накард ва ҷопониҳо бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Танҳо як фурсат ба футболбозони мо имкон надод, ки роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон- 2017-ро ба даст оранд. Бо ин натиҷаи ба дастомада футболбозони мо ба қатори 8 дастаи беҳтарини Осиё шомил шуданд.
Ёдрас мешавем, ки дар бозиҳои ¼- ниҳоии Ҷоми Осиё-2016 дастаҳои мунтахаби Эрон бар Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:0, Ветнам бар Баҳрайн бо натиҷаи 1:0 ва Арабистони Саудӣ бар Ироқ бо ҳисоби 2:2 (6:5 аз зарбаҳои пеналтӣ) ғолиб омада, мисли Ҷопон ба даври нимниҳоӣ баромаданд.
27 октябр дастаи мунтахаби Эрон бо Арабистони Саудӣ ва 28 октябр Ҷопон бо Ветнам вориди сабқат мешаванд.
Бозии ниҳоӣ 30 октябр доир хоҳад шуд.
АМИТ «Ховар»