Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, инчунин барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал зиёда аз 700 тонна гандум захира намуда, ба воситаи мағозаҳои зертобеъ дар ноҳияҳои Рашт 450 тонна, ҷамоати деҳоти Сағирдашт 160 тонна, Сангвор 100 тонна, Лахш 40 тонна , Тоҷикобод 20 тонна ва Нуробод 20 тонна орди хушсифатро ба аҳолӣ бо нархҳои дастрас пешниҳод намуд.
Дар мағозаҳои Агентии мазкур орди навъи якум бо нархи 165 сомонӣ ва навъи дуюм 126 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Дар ин бора муовини директори Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт» Муҷтабо Ҳасанов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, корхонаи мазкур дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳ дар ноҳияҳои зикршуда зиёда аз 100 тонна маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили шакар, равған, макарон, нахӯдпора, марҷумак, ярмаи ҷавро нисбат ба нархи бозор арзон ба фурӯш гузоштаанд.
Инчунин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт барои кам намудани кишти гандум дар минтақа ва зиёд намудани кишти картошка дода буданд, зиёда аз 40 тонна гандумро бо нархи арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудаанд.
Корхонаи истеҳсолии орд дар ноҳияи Рашт соли 2014 аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани нархи орд дар бозорҳои минтақаи Рашт таъсис ёфтааст, ки имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулот дар мағозаю бозорҳои минтақа саҳми арзанда дорад.
АМИТ «Ховар»