БИСЁР ШИРИН ВА БОЛАЗЗАТ! Дар Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикани Душанбе истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан доир гардид, ки дар он истеҳсолкунандагони ватанӣ молҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Тавре  мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Фестивали имрӯза аз ҷониби Вазорати  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барпо карда шуд.

Дар фестивал, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, доир гардид, даҳҳо намуди яхмос, обҳои ташнагишикан ва шарбати табиӣ ба намоиш гузошта шуда, сокинону меҳмонони сершумори пойтахт аз он дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки дар фестивал истеҳсолкунандагони яхмос ва обҳои ташнагишикан аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан зери суруду таронаҳои ватандӯстона ва соҳибистиқлолӣ доир гардида, дар  он барои фароғати кӯдакон бозиву мусобиқаҳои гуногун ба роҳ монда шуданд.

Тавре масъулини фестивал ба мо иттилоъ доданд, дастгирӣ намудани корхонаҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ, тарғиби маҳсулоти онҳо ва муаррифии маконҳои сайёҳии шаҳри Душанбе аз мақсадҳои дигари Фестивал ба шумор меравад.

Роҳбари ширкати «Дӯсти Алишер», ки  аз шаҳри Хуҷанд барои иштирок ва ба намоиш гузоштани маҳсулоти худ ба ин фестивал омадааст, зикр намуд, ки онҳо дар инҷо 20 навъи яхмосро ба намоиш  гузоштаанд.

«Мо маҳсулоти худро дар бозори ватанӣ ба фурӯш мебарорем ва таҷриба нишон дод, ки ин кор имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст. Дар  мавсим мо зиёда аз 1 тонна яхмос истеҳсол мекунем. Ҳамаи навъҳои яхмосро мо бо истифода аз технологияҳои муосири хориҷӣ ва маҳсулоти хоми ватанӣ ба истеҳсолот мебарорем», — афзуд мавсуф дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки дар доираи фестивал намоиш ва фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ  доир шуда, ба истеҳсолкунандагони яхмос ва обҳои ташнагишикан ҷоизаҳо супорида шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: