Мулоқоти Пешвои миллат бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисов

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар асоси ҳамшарикии стратегӣ ва дар доираи созмону ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз сатҳу сифати робитаҳои кунунии байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори қаноатмандӣ карда,Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти бештари муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид намуданд.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҷонибҳо дар баробари баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, хусусан амнияту суботи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо ин кишварро мавриди муҳокима қарор дода аз нақшаҳои минбаъда дар муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ёдовар шуданд. Барои мусоидат ба беҳдошти вазъи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии Афғонистон тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байниҳамдигарӣ, фароҳам овардани инфрасохтори зарурии энергетикӣ ва роҳу нақлиёт дар қаламрави ин кишвар, ҳамчунин таҳкими нерӯи инсонӣ дар Афғонистон тавассути рушди соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисони ботаҷриба зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҳалли дигар масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим табодули афкор намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: